Кушта шудани як зан дар асари бархӯрд бо қатор дар Душанбе

  • 17 Феврал, 2015

Пулиси Тоҷикистон аз кушта шудани як зан дар асари бархӯрд бо қатор дар ҳумаи шаҳри Душанбе хабар дод.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 17 феварал нивишт, ки воқеъаи бархӯрди лукумутив бо ин зан баъд аз зуҳри дирӯз рух додааст.

Тавре ки дар ин хабар омадааст, Норбиш Менглиқулова, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи қатори миёни истгоҳҳои Душанбе-1 ва Душанбе-2 зери лукумутив мондааст.

Ҳарчанд ин хонум ҷароҳат бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст, вале баъд аз муддате ҷони худро аз даст додааст.

Дар баҳори соли 2014 низ як духтари 20-солаи сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи бархӯрд бо қатор ҷони худро аз даст дода буд.