Молкулм Рифкинд ва Ҷек Истро
Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Расидагӣ ба иттиҳоми ду вазири хориҷаи собиқи Бритониё

23 Феврал, 2015 Ба рӯз шуда дар 21:50 +05

Кумиссиюни ойинномаи маҷлиси авоми Бритониё мегӯяд дар ҳоли баррасии иттиҳоми ду намояндаи ин маҷлис аст. Ҷек Истро ва Молкулм Рифкинд - ҳар ду аз вузарои хориҷаи собиқи Бритониё - муттаҳам шудаанд, ки дар қиболи ироаи иттилоъот ба як ширкати хориҷӣ дархости пул кардаанд. Як гурӯҳи мустанадсоз филмеро мунташир карда, ки зоҳиран ин ду сиёсатмадорро дар ҳоли чоназанӣ бар сари қимат нишон медиҳад. Аммо оқоён Истро ва Рифкинд иттиҳоми тахаллуфро рад кардаанд.

Ҳумани Аскарӣ гузориш медиҳад.