Оғози амалиёти артиши Ироқ барои бозпасгирии Тикрит аз Доъиш

  • 2 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Низомиёни артиши Ироқ дар ҳоли азимат аз Сомаро ба сӯйи Тикрит чанд рӯз пеш аз ҳамла

Телевизиюни Ироқ мегӯяд артиши ин кишвар амалиёти низомиро барои бозпасгирии Тикрит, зодгоҳи Саддом Ҳусейн, аз нерӯҳои мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиш) оғоз кардааст.

Давлат шумори нерӯҳои ироқиро дар ин амалиёт 30 ҳазор нафар эълом кардааст.

Ҷетҳои ҷанганда нерӯҳои заминии артишро дар ҳамла ба Тикрит, маркази устони Салоҳиддин, ҳамроҳӣ мекунанд.

Хабаргузории Форс гузориш дода, ки Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон ҳам барои "назорат ва машварат" бо фармондеҳони майдонӣ вориди Тикрит шудааст.

Яке аз фармондеҳони артиш ин ҳамларо бузургтарин амалиёт алайҳи нерӯҳои Давлати Исломӣ барои пас гирифтани пойгоҳҳои ин гурӯҳ тавсиф карда ва ба хабаргузории Фаронса гуфта нерӯҳои артиш аз се ҷабҳа ба сӯйи Ироқ ҳамла кардаанд.

Пештар Ҳайдар Ибодӣ, нахқуствазири Ироқ, дар устони Салоҳиддин бо фармондеҳони низомӣ дидор кард.

Нерӯҳои артиши Ироқ дар ин устон машғули омодасозии худ барои амалиёт алайҳи нерӯҳои Доъиш буданд.

Оқои Ибодӣ эълом кардааст шибҳнизомиёни қабоили суннӣ, ки даст аз ҳимояти Доъиш бикашанд, афв хоҳанд шуд.

Image copyright REUTERS
Image caption Шибҳнизомиёни шиъа ҳам дар ин ҳамла артишро ҳамроҳӣ мекунанд

Тикрит яке аз чанд шаҳри суннинишин аст, ки ба дасти нерӯҳои Давлати Исломӣ афтодааст.

Ин шаҳр, ки дар 150-килуметрии шимоли Бағдод қарор дорад, тобистони гузашта ҳамзамон бо Мавсил , дувумин шаҳри бузурги Ироқ ба дасти Доъиш афтод.

Октябри соли гузашта неоӯҳои амниятии Ироқ ҳамлаеро алайҳи шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ дар шимолу ғарби шаҳри Тикрит оғоз карданд, аммо натавонистанд нерӯҳои Доъишро ба атври комил аз шаҳр берун кунанд.

Матолиби муртабит